JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Сешанбе, 28 Январи 2020 14:24

Ҷашни Сада- рамзи ҳамбастагӣ

Муаллиф:
Яке аз маросимҳои суннатии мардуми форсизабон Ҷашни Сада мебошад, ки дар оғози шомгоҳи даҳуми баҳман (зо январ) баргузор мегардад, ки ин рӯзро “Обонрӯз” меноманд. Ҷашни Сада ҷашни ҳамкорӣ ва ҳамбастагии мардум аст, ки мардуми форсизабон, махсусан як қатор шаҳрҳои Эрон, аз ҷумла дар Аҳвоз, Шероз, Исфаҳон ва кишварҳои Аврупо (Суис), Амрико (Калифорния), Австралия бо гирд омадани мардуми форсинажод дар як нуқта аз шаҳр ё шаҳристону деҳот дар қатори якдигар ҷамъ омада, оташи ниҳоят бузург меафрӯзад ва ба сурудхониву пойкубӣ шурӯъ менамоянд.
Мусаллам аст, ки ҷашн ва ё ид (дақиқан, ҳар ду вожа, асли форсӣ-тоҷикӣ дошта, ба маънои ойинҳои шодмонӣ далолат мекунанд) вуҷуди фарогири маънавӣ, фарҳангӣ ва отифии як халқияту миллиятро дар паҳнои зиндагии башарӣ муаррифӣ месозанд. Ҷашн қолаби фарҳангиест, ки ҳолати равонӣ ва фикрию ахлоқии мардумро дар макону замон ва ҷуғрофиёи мушаххас таъйину таъйид мекунад. Дар ин қолаби фарҳангӣ хамирмояи ҳувияти қавмӣ ва миллӣ рехта мешавад ва чун риштаи дарозе дар бастаи фарҳанги маънавӣ печиш мехӯрад ва бо гузашти замон устувор мегардад. Ин аст, ки мардум аз бомдоди вуҷуд барои осудагию оромиши хотир ҷашну ойинҳо мебофтанд ва барои тақвияту идомати онҳо…
Устод Назрӣ Асадзода! Бо руҷӯъе лирикӣ: Ҳар гоҳ сухан дар бораи Шумо меравад, хаёлан фикр мекунем, ки дар рӯбарӯйи манзарае қарор дорем ва ин манзара ба сони бӯстони иборат аз ҳама анвои гул мебошад ва дар миёни анбӯҳи гулҳо гулеро шабеҳ ба Нилуфар мебинем (ва ин гул яқин образи Шумост). Ин мисли он аст, ки гулҳои дигар аз рӯйи қонуни фитрат нашъунамо мекунанд, вале гули Нилуфар аст, ки аз шахсияти худ огаҳӣ дорад ва ҳамвора мекӯшад, ки аз ҳама гуна олоишоти гирду атроф худро пок ва тоза нигоҳ дорад.
 Баҳси тағйири хат дар Эрон таърихи беш аз 150 - сола дошта, дар робита ба вазъи иҷтимоӣ-сиёсӣ ва иқтисодии кишвар гоҳе хомӯш ва гоҳе дубора авҷ мегирифтааст. Аз солҳои бист то охири солҳои 60-уму ибтидои солҳои 70-уми қарни ХХ масъалаи мазкур мавриди ҷарру баҳси аҳли илму фарҳанги Эрон қарор гирифтааст. Ин масъала, махсусан, баъд аз сафари расмии Ризошоҳ ба Туркия (соли 1934) ва дастури ӯ дар бораи иқдомоти табдили алифбо дубора мавриди омӯзишу таҳқиқу баҳси доманадоре дар маҳофили илмӣ, адабӣ ва васоили ахбори оммаи Эрон қарор гирифт. Ба-дин робита, бинобар иттилои Яҳё Оринпур дар анҷоми ин амр аз ҷониби ҳукумат…
Дар ин ҷустор ба таври фишурда мехоҳем дар бораи таъсири фарҳанги ориёӣ дар ташаккули тамаддуни башарӣ бо ишора ба ҷойгоҳи муҷассамаи Озодӣ дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико бипардозем. Муҷассамаи Озодӣ тандисе аст, ки ҳамакнун дар шаҳри Ню-Йорк бахши Манҳетен чашмнавози миллионҳо ҷаҳонгард аст. Ин тандис сохтаи дасти пайкартароши фаронсавӣ бо номи Фредерик Огуст Бартолди аст ва сохтаи дарунии тандисро Густав Эйфил - муҳандиси фаронсавии Бурҷи Эйфил офаридааст. Ин шоҳкори ҳунарӣ ва самбули озодӣ аз сӯйи давлати Фаронса дар соли 1886 ба шодбоши ҷашни садумин солгарди истиқлоли Амрико аз чанголи Англия, ба давлати Амрико пешкаш гардид.