Халқи қазоқ таърихи қадима ва бой дорад. Дар давоми асрҳо хислатҳои хосе, ки танҳо ба ин мардум мансуб аст аз қабили мардонагӣ, шуҷоат ва озодихоҳӣ имконият дод, ки онҳо хусусиятҳои миллии хешро нигоҳ доранд. Илман собит шудааст, ки нишонаҳои мавҷудияти аввалин одамони ба мо монанд, дар ҳудуди сарзамини имрӯзаи Қазоқистон пайдо шудаанд, ки ба асрҳои VIII-VII то солшумории мелодӣ тааллуқ доранд. Он замон ҳудуди беканори Қазоқистони имрӯзаро қабилаҳои эронӣ ва туркие, ки дар таърихи қадим бо номҳои сакҳо, уйсунҳо, канлиамиҳо ва гуннҳо маъруфанд, макони зист интихоб намуда буданд.