JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
«Ваҳдати миллӣ асоси оромиву осудагии халқ, кафолати инкишофи давлат ва муҳимтарин омили рушди ҷомеа мебошад». Эмомалӣ Раҳмон Аз байн рафтани давлати пур­иқтидори Иттиҳоди Шӯравӣ, аз як тараф ба миллатҳои гуногун имконият фароҳам овард, ки соҳиб­истиқлол гарданд, аз тарафи дигар, ба давлатҳои абарқудрати Ғарбу Шарқ имкон дод, то онҳо ҳадафҳои геополитикӣ ва геоиқтисодии худро дар фазои давлатҳои пасошӯравӣ амалӣ созанд. Консепсияи стратегияи геоиқтисодии абарқудратони Ғарбу Шарқ аз он иборат буд, ки онҳо бояд захираҳои нефту газро дар минтақаи Осиеи Марказӣ аз худ намоянд. Мисли ҳарвақта, стратегияи ғарбӣ дар Осиёи Марказӣ барои расидан ба ҳадафҳои геополитикӣ аз се методи санҷидашуда иборат буд:…
Мусаллам аст, ки ҳама гуна ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ ва муносиботу муколимоти муътадил ва ҳасанаи иҷтимоӣ дар шароити истиқлолияти сиёсӣ ва фарҳангӣ ба вуҷуд меояд ва бо назардошти вазъи озодӣ ва озодандешӣ ба марҳилаи нави рушду инкишоф мерасад. Технологияи рушду таҳаввули марҳилавии ваҳдати миллӣ, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ин масирро устуворона паймуда истодааст, бар асоси мабдаи истиқлол ва мухторияти сиёсию давлатӣ таҳаққуқ ёфта, ба таври тадриҷӣ дар фазои иҷтимоӣ оромиши сиёсиро таҳким мебахшад.
Панҷшанбе, 21 Июни 2018 12:04

Об зару Тоҷикистон заршинос

Муаллиф:
 (Ба ифтихори конференсияи байналмилалӣ таҳти унвони "Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” ва рӯзи Ваҳдати миллӣ) Об яке аз арзишмандтарин ва муҳимтарин сарвату неъмати бебаҳоест, ки тамоми мавҷудоти олам аз он истифода карда, ҳаёт ба сар мебаранд. Онро метавон чун ганҷинае донист, ки тамоми башарият аз он истифода мебарад. Ин ганҷинаи пурқимат ягона қувваи ғизої мебошад, ки тавассути он тамоми ҳастии дунё энергияи тоза гирифта месабзанд. Мо метавонем онро чунин маъниндод карда бигӯем, об як маҳлулест, ки ба воситаи истифодаи он ҳар чизе дубора ҳаёти тоза гирифта, симову чеҳраашро табъи навин мебахшад. Ва лизо, он аз унсури муҳими табиат буда,…
 Шароити имрӯзаи ҷаҳонишавӣ ва бархӯрди манфиатҳо, ки боиси низоъ ва даргириҳои зиёди хунин дар минтақаҳои гуногуни сайёра, махсусан, дар кишварҳои шарқи мусулмонӣ гардидааст, давлатҳо ва ҷомеаҳои ҷаҳониро ба ташвиш оварда, дар пайи андешидани тадбиру чораҳои муассир саргардон кардааст. Сӯйистифода аз дину мазҳабҳо, сиёсӣ кардани ислом ва бар асоси хурофоту таассуби динӣ-мазҳабӣ парокандани тухми кинаву адоват, ҳамчунин нохун задан ба эҳсоси мазҳабии мардуми мамолики Ховари Миёна барои коргардонон ва таҳиягарони сенарияҳои муосири сиёсӣ ва мафкуравӣ минҳайси васила ё абзори калидӣ хидмат мекунад. Муҳимтар аз ин, дар заминаи бархӯрдҳои мазҳабӣ ва шикастани ҳувияти миллӣ ва марзи дунёмадорӣ (секуляризм) низомҳои динӣ-мазҳабӣ дар минтақаҳо…
Мусиқӣ бо худии худ падидаи эстетикист ва бо завқу салиқаи насли инсонӣ сари кор мегирад. Ин мусиқӣ аст, ки бо неру ва тавонмандиаш инсонро бедор мекунад ва ба сӯйи озодию истиқлолият раҳнамун месозад. Истиқлолияти ботинӣ ва дарунӣ маҳз бо шунидани мусиқӣ ва таронаҳои дилангез имконпазир мегардад. Ин аст, ки дар таърихи фарҳангу санъат ва адаби форсӣ-тоҷикӣ бо истилоҳоти «ромиш», «наво» ва «хунё» бисёр мувоҷеҳ мешавем, ки аз завқи мусиқиписандии мардуми марзу буми аҷдодӣ дарак медиҳад. Ромиш дар луғат ба маънии оромиш, осудагӣ, фароғ ва сукун, суруду овоз, шодӣ ва айшу тараб омадааст (ниг.:Амид Ҳасан. Фарҳанги Амид. Ҷилди дуввум. –Теҳрон: Амири…