- “Баҳри вуҷудро, ба кӯзаи танги дин дигар ғунҷондан натавон... - Ҷаҳон, ба ҷаҳонбинии нав барои имрӯз ва ояндаи худ ниёз дорад... - Агар дар инсон мағзаш маркази фикр бошад, дар ҷаҳон маркази фикр, инсон аст.” Чунин ақида ва суханон, ки дар дили хонанда фурӯд омада, лона мегузоранд, дар китоби файласуфи номии мо Комил Бекзода “Таърихи рӯшанфикрӣ аз даврони Ҷамшед то замони Фирдавсӣ” (Душанбе 2012, -433 саҳифа), зиёданд. Донишманди тавоно, таҳхонаҳои сарду торик ва пайиҳам хобрафтаи таърихи куҳани моро кофта, воқеаҳоеро пеши назар меорад, ки бештари таърихнавису китобнависони мо аз онҳо ё аслан, хабар надоштанд, ё огоҳҳона онҳоро пинҳон медоштанд.