JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Якшанбе, 30 Сентябри 2018 06:59

Мавлоно ва ҷасорати иҷтимоӣ (чанд ҷумлаи муқаддамотӣ дар ҳошияи зодрӯзи Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ)

Муаллиф:

                                                             Ҳар нафас нав мешавад дунё ва мо,

                                                            Бехабар аз нав шудан андар бақо.

                                                                         Ҷалолуддини Балхӣ

    Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ аз ҷумлаи бузургони андешаи форсии тоҷикист, ки ҳамчун шахсияти ҷаҳонӣ дар се буъди фарҳанг: дин – мазҳаб; тасаввуф – ирфон; ҳикмат – фалсафа хомафарсоӣ кардааст. Ба таъбири дигар, Мавлоно дар таълифоти арзишманди хеш масоили се қисмати ҷаҳонбинии инсониро мавриди баррасӣ қарор медиҳад, ки ҳар яке бо бинишу диде хос шарҳу тафсир гардидаанд. «Маснавӣ» ва «Девони Шамс» - и ӯ моломоли андешаҳои зоҳидона, орифона ва ҳикматона мебошанд.

1. Масоили хирад, дониш, ақл, ҷабру ихтиёр, инсонсолорӣ, бузургманишӣ ва амсоли инҳо, ки аслҳои фалсафианд, дар таълифоти Мавлоно бо биниши динӣ, ирфонӣ ва фалсафӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтаанд. Чун мо ба масъалаи шахсияти фалсафии Мавлоно иртибот гирифтем, заруратан масъалаи фавқуззикрро пайгирӣ мекунем.

    Мавлоно ақлу донишро тавсифкунон таъкид кардааст, ки ақл дар зиндагии инсонӣ раҳнамои мулки ҷон ва корсозу кордон буда, баҳри нопайдоканори маънавист:

Ақл бошад раҳнамои мулки ҷон,

Ақл бошад корсозу кордон.

То чӣ оламҳост дар савдои ақл,

То чӣ бопаҳност ин дарёи ақл.

2..Ҷабру ихтиёр, ки байни мутакаллимон, мутасаввифон ва муфалсифон  доиман милоки баҳсу андеша буд, дар «Маснавии маънавӣ» - и Мавлоно ҷиддан пайгирӣ шудааст. Ӯ баҳси миёни ҷабриёну қадариён суратгирифтаро беохир талаққӣ намуда, нигоштааст:

Ҳамчунон баҳс аст то ҳашри башар,

Дар миёни ҷабриву аҳли қадар.

  Мавлоно бар ин андеша солиқ буд, ки инсон дар тамоми фаъолияти худ  соҳиби ихтиёр ва масъули кирдори хеш мебошад. Ин аст, ки фармудааст:

Ин ки фардо ин кунам ё он кунам,

Ин далели ихтиёр аст, ай санам.

  Ё ин ки дар ҷойи дигар ба озодию ихтиёри инсонӣ дар тамоми аъмоли зиндагӣ таъкид кардааст:

Дар тараддуд мондаем андар ду кор,

Ин тараддуд кай бувад бе ихтиёр.

3. Инсонсолорӣ ва бузургманишӣ, ки шеваи андешаи файласуфон ва рӯшангарон аст, дар таълифоти Мавлоно ҷойгоҳи вижа дорад. Ориф мавзӯйи инсон ва инсонсолориро дар маркази таваҷҷӯҳи худ қарор дода, такомули рӯҳу равони инсонро дар бузургандешии ӯ дида, ҷаҳлу залолатро бандагӣ ва бузургандеширо зиндагӣ донистааст:

Ай писар, ҷаҳлу залолат бандагист,

Ин бузургандешии мо зиндагист.

 Ба сухани дигар, мафҳуми зиндагӣ дар бузургандешӣ ва инсонсолорӣ нуҳуфтааст. Мавлоно, ки дар деги ҳикмату фалсафаи ориёӣ ҷӯшида буд, бо ҳимматбаландӣ ва бузургманишӣ ба мардум аз шикастани қуфли зиндони ҷаҳолат ва чанголу дандони чархи мардумхор муждагонӣ медиҳад:

Боз омадам чун иди нав, то қуфли зиндон бишканам,

В-ин чархи мардумхорро чанголу дандон бишканам.

4.Бузургии шахсиятҳои фалсафӣ дар он зоҳир мегардад, ки онҳо пайваста дар таҳаввулоти эҷодӣ қарор доранд ва сиришти худро бо сиришти табиат, ҷаҳон ва кайҳон муштарак нашуморида, бо ҳастӣ дар набарди доимӣ мебошанд. Ва Мавлоно, ки аз мардони огоҳ ва дурандеши замони хеш буд, ба ин андешаи фалсафӣ, ки дар қолаби санавияти (дуализм) фалсафии Инсон ва Табиат ғунҷоиш дошт, бетаваҷҷӯҳ буда наметавонист. Ин буд, ки бо шӯру шавқи ошиқона бар домани чархи фалак (табиат) мечаспад ва аз он интиқом гирифтан хоста, ба ин мазмун садо дармедиҳад:

Чарх ар нагардад гирди дил, аз беху аслаш барканам,

Гардун агар дунӣ кунад, гардуни гардон бишканам.

Ин аст ҷасорати фалсафӣ – назариявии Мавлоно, ки чархи фалак (табиат, ҳастӣ) -ро барои дунсифатиаш ба шикастан таҳдид кардааст.

5.Нишонаи дигари хеле муҳим, ки шахсияти фалсафии Мавлоноро таъйиду тасдиқ мекунад, ин қолабшикании ӯст. Пеш аз Мавлоно шоирону мутасаввифон дар оғозу анҷоми таълифоти хеш ба ҳамду наът ва муноҷоти Худою расул мепардохтанд, вале орифи зирак ва дурандеш худро аз ин қоидаи маъмул истисно сохта, қасди қолибшиканӣ кардааст. Ӯ «Маснавии Маънавӣ» - ро бидуни ҳамду наът «бо фарёду нидои най» оғоз намуда, ба олами андешаи исломӣ нишон дод, ки шахсиятҳои бузург, аслан дар қолибҳои мавҷуда намеғунҷанд ва қолабшиканӣ  шеваи кори онҳост.

6. Мавлавишиноси машҳури иронӣ, аллома Муҳаммадтақии Ҷаъфарӣ собит сохтааст, ки Ҷалолуддини Балхӣ дар бисёр масоили муҳими фалсафӣ пеш аз бузургони фалсафаи ҷаҳонӣ андешаҳои амиқи илмӣ-фалсафӣ баён кардааст. Мавлоно 800 сол муқаддам аз шаҳиртарин ва овозадортарин ҷараёни фалсафии муосир -- экзистенсиализм ё вуҷудгаройӣ, ки бар мабнои ақоиди файласуфони маъруфи урупоӣ Жан Пол Сартр, Мартин Ҳайдеггер, Албер Камю, Габриеэл Марсел, Карл Ясперс бунёд ёфтааст, ба баҳси масоили  арзишманди вуҷудӣ  пардохтааст. Мавлоно ҳакимона тавзеҳ додааст, ки ҳар замон аз адам (нестӣ) ба олами ҳастӣ корвонҳо қадам ранҷа фармуда, ин раванди таҷдиду навшавии дунё ва инсоният ҷовидонӣ идомат пайдо мекунад:

Аз адамҳо сӯйи ҳастӣ ҳар замон,

Ҳаст, ё Раб, корвон дар корвон.

Ё ин ки:

Ҳар нафас нав мешавад дунё ва мо,

Бехабар аз нав шудан андар бақо.

 7. Хулоса, Мавлоно ба бисёр масоили зиндагӣ бо шеваи тафаккури фалсафӣ таваҷҷӯҳ намуда, дар партави ишқ ва меҳри ирфонӣ олами инсониро тафсири фалсафӣ додааст. Албатта, ағлаб назароти ӯ гиройиши динӣ, хосса, ирфонӣ доранд, бо вуҷуди ин, Мавлоно дар тамаддуни исломӣ, шарқӣ ва билохира ҷаҳонӣ ҷойгоҳ ва мақоми вижае дорад ва сатҳи баланди андешамандиаш шахсияти фалсафии ӯро муқавво сохтааст.

                                  Нозим Нурзода

Хондан 2199 маротиба