JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Панҷшанбе, 24 Январи 2019 12:30

Афлотун: касе риёзиётро намедонад, даромадан манъ аст…

Муаллиф:

 

 Дар ҷомеаи имрӯза шароите пеш омада, ки баҳри дарёфти роҳҳои таълиму тарбияи босифат, инкишофи қобилиятҳои зеҳнӣ, ташаккули тафаккури мантиқӣ, техникӣ ва камолоти маънавии шогирдон омӯзгорону волидон саҳми боризе дошта бошанд. Зеро хоса аҳли ҷомеаро дар шароити рушду инкишофи имрӯзу ояндаи кишвар ва ворид гардидан ба фазои таҳсилоти ҷаҳонии пешқадам, аз ҷумла ба дигар намудани низом ва меъёрҳои баҳодиҳӣ ба сифати дониш, маҳорат ва малакаи хонандагону донишҷӯён бисёр ба маврид ва зарурӣ мебошад. Тибқи маълумотҳои оморӣ 38%-и аҳолии Тоҷикистонро ҷавонон ташкил медиҳанд ва бояд ҳамаи ин 38% соҳибмаърифат, боистеъдод ва фаъол бошанд, зеро ояндаи кишвари азизи мо дар дасти ҷавонон аст.

 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон санаи 22 декабри соли 2016 дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қайд намуданд, ки: «Ҷавонон давомдиҳандаи кору фаъолияти насли калонсол, нерӯи созанда ва иқтидори воқеии пешрафти ҷомеа ва хулоса, ояндаи миллат ва давлат мебошанд.”

Воқеан, ояндаи давлат ва миллат аз насли ҷавони кишвар вобастагии зиёд дорад. Ин ҷо мехоҳем нақши фанни математикаро дар пешрафт ва баланд бардоштани қобилияти хонандагон рӯшан намоем, зеро асоси пешрафти ҳар хонанда аз фанни математика хеле ҳам вобаста аст, чунки асоси рушду пешрафт додани тафаккури мантиқии хонандагон ин математика мебошад. Омӯзиши фанни математика фаҳмиши пурра ва нозукии мулоҳизаҳои математикиро дар вуҷуди хонанда ташаккул медиҳад ва ба дарк кардани шаклҳои геометрӣ ёрӣ мерасонад. Ҳамзамон, математика табиати эстетикии талабагонро афзун мегардонад, ки агар хонанда дар вақташ бо ин фан аз наздик ошно гардад ва қонуну қоидаҳои ин фанро хуб дарк намояд, дар оянда омӯзиши дигар фанҳо барояш осон мегарданд. Математика забони илму техника буда, ба ҳаёти ҳамарӯзаи инсон бемайлон дохил мешавад ва дар соҳаҳои гуногуни дар назари аввал аз математика дур татбиқ меёбад. Ин раванд бо инкишофи мошинҳои электронии ҳисоббарор ва компютергардонии ҷомеа пурзӯр гардида, аз ҳар фарди ҷомеа дониши мушаххас ва тафаккури махсуси математикиро талаб мекунад. Бе донишҳои махсуси математикӣ фаҳмиши сохт ва истифодаи техникаи муосир, донишҳои мукаммали илмӣ, фаҳмиш ва шарҳи ахбори иҷтимоӣ, иқтисодӣ, сиёсӣ мушкил мегардид ва фаъолияти амалии ҳамарӯзаи инсон натиҷаи зарурӣ намедод.

Нақши судманди ин фанро дар замонҳои қадим низ мутаффакирону олимон хуб дарк намуда буданд. Масалан, дар Юнони қадим Академияи Афлотун амал мекард, ки дар даромадгоҳи он шиори зерин навишта шуда буд: «Касе риёзиётро намедонад, даромадан манъ аст».

Моҳияти математика дар он низ зоҳир мегардад, ки вай ба сохтори умумии амалии инсон бо табиат ва ҷамъият машғул аст ва дар як вақт ин муносибатро ба қобилияти шахсии инсон дар шароити мавҷудият, амалиёт ва инкишофи фикрии он табдил медиҳад. Ҷанбаи асосии омӯзиши математика аз он ҷиҳат муҳим аст, ки мавзӯи омӯзиши худро сохторҳои асосии ҳастӣ қарор дода, шаклҳои фазоӣ ва муносибатҳои миқдории оламро таҳлилу таҳқиқ менамояд. Ин сохторҳои асосии ҳаётӣ аз таҷрибаи инсон то мураккабтарин сохторҳое мебошанд, ки ба ғояҳои илмӣ-технологӣ вобастаанд. Барои он, ки инсон муваффақ бошад, сараввал ба омӯхтан машғул шавад, рушд намояд, инкишоф ёбад, пешрафт кунад, дониш ва ҷаҳонбиниашро афзун намояд ва ба қадри вақти худ бирасад. Беҳуда вақтро асъори асосии хаёти инсон нагуфтаанд ва он аз гузариш сонияе ҳам боз намеистад.

Рушди кайҳонии илму техника ва технология навин аз инсони имрӯза талаб мекунад, ки фаъолияти маърифатӣ, иҷтимоӣ ва касбиашро ба талаботи замони нав мутобиқ созад. Дар замони муосир интиқол додани донишҳои куҳна самара намедиҳад, зеро илм чун баҳри беканор рӯз аз рӯз васеъ мегардад. Аз ин лиҳоз таълим бояд малака ва маҳоратҳоеро дар хонанда ташаккул диҳад, ки ӯ тартиби фаъолият, ҷамъоварии маълумоти зарурӣ барои ҳалли масъалаҳоро мустақилона анҷом дода, муқоиса, таҳлили ақида ва ахбор, арзёбии раванди иҷроиши фаъолият, муайян кардани ғалатҳо ва ислоҳи онҳо, ба роҳ мондани муоширати созанда бо иштирокчиёни дигари равандҳоро ба нақша гирад ва татбиқ карда тавонад.

Дар ҳақиқат, қабл аз ҳама омӯзгорон аҳли ҷомеаро аз ҷаҳолат ва муфлисӣ раҳо месозанд. Онҳо ҳамеша тарғибгари омӯзиши ростӣ, покизагӣ, ваҳдат ва  орзуву матолиби нек ҳастанд. Аз ин ҷост, ки бузургтарин алломаву донишмандон ва малику сарлашкарон низ пеши устод сари таъзим фуруд овардаанд, ба омӯзгорони асил эҳтироми самимӣ варзидаанд, зеро бо саъю талоши устод, бо амру фармоиш ва талабу тақозои ӯ олами маънавиёти хонанда рӯшан гардида, чашмаи илҳомаш ба ҷӯш меояд. Устод, яъне омӯзгори асилу нуқтадон, муаллими ҳалиму меҳрубон ва серталаб шогирди худро ба роҳи рост ҳидоят мекунад, ӯро савод мебахшад, илми ҳаёт ва дарси ахлоқу муносибатро таълим медиҳад ва инсони нав бо ҷилои тозаву мӯҳтавои ҷадид эҷод мекунад.

Пас мо омӯзгорон, волидайн ва ин қишри ҷомеаро мебояд, нисбат ба кору фаъолияти худ сидқан амал карда, барои тарбияи насли ҷавон, махсусан хонандагони муассисаи таҳсилоти миёна, аҳамияти ҷидди диҳем, зеро кӯдак агар донишманду бомаърифат ба камол расад дар оянда ӯ роҳи худро дуруст интихоб карда метавонад ва шахсияти хубу зарурӣ ба камол мерасад.

 

САБУРОВА Зарина Баҳодуровна

муаллимаи синфҳои ибтидоии

Гимназияи №2-барои бачаҳои

болаёқатӣ шаҳри Душанбе

 

Хондан 1961 маротиба