JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Бо итминон метавон гуфт, ки Муҳиддин Кабирӣ вақте ки дар бораи миллат ва манофеи миллӣ иддао мекунад, риё меварзад ва дурӯғ мегӯяд. Зеро фарзандони воқеии миллат ҳаргиз арзишҳову манофеи миллии худро дар баробари хориҷиён ба фурӯш намегузоранд. Фарзандони воқеии миллат дарду мушкилоти миллатро ба ҷон мехаранд. Аммо барои Муҳиддин Кабирӣ ва ҳаммаслакони наҳзатии ӯ ҳеҷ арзише болотар аз эътиқоду манфиатҳои мазҳабиву гурӯҳиашон набуду нест. Ӯ ҳар гоҳ дар бораи мардумсолориву демократия ва ҳуқуқу озодиҳои мардуми Тоҷикистон ҳарф мезанад, боз ҳам риё меварзаду дурӯғ мегӯяд, чунки ҳаргиз афроди мазҳабии мутаассибу бунёдгаро наметавонанд сидқан ҷонибдори мардумсолорию демократия ва озодагиву озодандешӣ бошанд. Табиати…
Вақтҳои охир, мутаассифона дар воситаҳои ахбори оммаи баъзе кишварҳо оид ба гӯё маҳдуд гардидани озодиҳои динии аҳолӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мақолаҳои ғаразнок ба нашр мерасанд, ки асоси воқеӣ надоранд. Ҷумҳурии Тоҷикистон баъди ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ дар ибтидои солҳои 90-уми асри гузашта ба бунёди ҷомеаи демократию ҳуқуқбунёд оғоз намуда, таъмини ҳуқуқ ва озодиҳои инсонро дар сархати ин сиёсат қарор додааст. Роҷеъ ба ин мавзуъ андешаҳои устоди ДМТ Номвар ҚУРБОНОВро ба таваҷҷуҳи хонандагон пешкаш менамоем.
Сешанбе, 19 Сентябри 2017 07:59

Андар масири илм чу ту устувор нест!

Муаллиф:
Андар масири илм чу ту устувор нест! (шодбошии ҳайати кормандони Маркази омӯзиши равандҳои муосир ва оянданигарии илмии Академияи илмҳои ҶТ) Устоди гиромӣ, Фарҳод Раҳимӣ!
 Ба ҳамагон маълум аст, ки дар замони истиқлолият ба шарофати сиёсати хирадмандона ва созандаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи маорифи кишварамон ҳамаҷониба инкишоф меёбад.
Сешанбе, 12 Сентябри 2017 04:14

Ҳиндустони озод 70 сола шуд

Муаллиф:
Агар ба бузугтарин воқеаҳои таърихии Ҳиндустон дар асрҳои ХIХ - ХХ нигоҳ кунем, пеш аз ҳама чунин мушоҳида мешавад, ки ду рӯйдоди ниҳоят бузург ва ниҳоят муҳим дар сарнавишти мардумони ин кишвари бофарҳанг, афсонавӣ ва муддатҳо аз ҷабри аҷнабиён азияткашида нақши бе мисле гузоштаанд. Яке аз ин воқеаҳои бузург номи “Шӯриши сипоҳиён” –ро гирифтааст, вале бо вуҷуди чунин унвон доштан, ки гӯё он танҳо аз ҷониби як қисми муайяни сипоҳиён сурат гирифтааст, ин ҳаракати мардумии тамоми халқҳои Ҳиндустон буд. Шӯриши сипоҳиён, ки 10 майи соли 1857 оғоз ёфта, дар моҳи апрели соли 1859 ба анҷоми фоҷиавӣ расидааст, ниҳоят бераҳмона пахш…