JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Ҷумъа, 21 Апрели 2017 17:42

Муҳоҷират бояд идорашаванда бошад

Муаллиф:

   Муҳоҷират падидаест, ки аз замони қадим дар ҳама гушаву канори дунё вуҷуд дошт. Инсонҳо барои дарёфти шароити беҳтари зиндагӣ аз як минтақа ба минтақаи дигар мерафтанд. Ё аз тарси таъқиб шудану кушта шудан аз дасти таҷовузгарони  ватан маҳали сукунати худро тарк карда ба дигар ҷой мекучиданд. Мисолҳои равшани ин воқеаҳо дар замони  ҳуҷумҳои истилогаронаи юнониву арабҳо ва турку муғулҳо ба сарзамини мо дида мешавад. Саргузашти қаҳрамони халқи тоҷик - Восеъ ҳам яке аз далелҳоест, ки мардуми мо барои дарёфти кору зиндагии беҳтар аз куҳистон ба шаҳрҳо мерафтанд. Дар маводҳои яке аз шумораҳои маҷаллаи бритониёии “Headway”, ки соли 1987 нашр шудааст, раванди ба муҳоҷирати корӣ ба Шветсия рафтани шаҳрвандони Британияи Кабир инъикос гардидааст.

 Муҳоҷират ба ду намуди асосӣ ҷудо мешавад: муҳоҷирати мавсимӣ ва муҳоҷиратӣ доимӣ. Дар асрҳои миёна ҳиссаи муҳоҷирати доимӣ бо сабабҳои маълум бештар буд. Дар ду садсолаи охир тағйироти ҷиддие, ки дар ин самт шудааст, ин аст, ки  ҳиссаи муҳоҷирати мавсимӣ ба таври назаррас зиёд шудааст. Ин бештар ба рушди назарраси воситаҳои нақлиёт ва роҳу комуникатсия вобаста аст, ки аз як кишвар ба кишвари дигар равуо кардани одамонро осонтар менамояд.

Раванди муҳоҷирати меҳнатӣ то ҳануз идома дошта, тадриҷан афзоиш меёбад. Солона миллионҳо одамон бо мақсади беҳтар сохтани сатҳи зиндагиашон, руй ба муҳоҷирати меҳнатӣ меоранд. Дар замони муосир асосан Россия, Кореяи  Ҷанубӣ, Ҷопон, кишварҳои аъзои Иттиҳоди Аврупо, ИМА, Қатар, АМА, Арабистони Саудӣ, Австралия ҳамчун кишварҳои қабулкунандаи муҳоҷирон ва Ҳиндустон, Чин, Филиппин, Бангладеш, Покистон, Афғонистон, Эрон ва бисёр кишварҳои дигар, аз ҷумла Тоҷикистон ҳамчун кишварҳои содиркунандаи қувваи корӣ шинохта мешаванд.

Муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар ду даҳсолаи охир бештар ба Россия ва Қазоқистон мераванд. Аммо дар солҳои охир шумораи каме аз муҳоҷирони тоҷикистонӣ ба Туркия, Кореяи Ҷанубӣ, АМА ва чанде аз кишварҳои Иттиҳоди Аврупо рафтанро оғоз кардаанд. Бо вуҷуди ин имрӯз ҳам Россия кишвари асосии муҳоҷират барои мардуми Тоҷикистон боқӣ мондааст. Маҳз хамин омил боис шудааст, ки дар муносибатҳои дуҷониба ин кишвар барои ба даст овардани манфиатҳои худ гоҳо аз раванди муҳоҷират суистифода карда, болои Тоҷикистон фишор меорад. Мисоли боризтарини чуин фишор қазияи аз тарафи мақомоти Тоҷикистон боздошт гардидани як ҳавопаймои Россия бо ду сарнишинаш буд, ки ҷузъиёташ дар матбуот ба нашр расида буд.

Раванди муҳоҷирати кории шаҳрвандони Тоҷикистон низ чун дигар падидаҳои иҷтимоӣ паҳлуҳои мусбӣ ва манфии худро дошта, аз камбудиҳо холӣ нест. Албатта наметавон гуфт, ки бе муҳоҷират ба дигар кишварҳо мардуми кишвари мо аз гуруснагӣ нобуд мешаванд ё кишвар ба домони ҷангу хунрезии дигар кашида мешавад. Инсон эҷодкор аст ва дар ҳама шароит роҳи зиндагии худро меёбад. Аммо муҳоҷират дар ин ду даҳсола бартариҳо ҳам дошта, ба шахсиятҳои алоҳида, оилаҳо, бозору ташкилотҳои тиҷоративу истеҳсоливу сохтмонӣ ва умуман ба буҷаи давлатӣ манфиатҳои назаррас овардааст. Мушкилоти манзил, таълими босифаттари ҷавонону наврасон, ҳамлу нақлу мусофирбарӣ, ҷойҳои корӣ дар дохили кишвар аз масъалаҳое буданд, ки дар ин ду даҳсола аз ҳисоби муҳоҷирати мавсимии корӣ қисман ҳалли худро ёфтанд. Бо маблағе, ки муҳоҷирон аз хориҷи кишвар мефиристанд, иқтидори харидории мардум зиёд гашта, он боиси  рушди назарраси соҳаҳои савдо, хизматрасонӣ ва сохтмон гардид. Ин дар навбати худ ба сохтмони бозорҳои нав, ширкатҳои хизматрасонӣ ва сохтмонӣ мусоидат карда, ҷойҳои нави корӣ ба вуҷуд оварда шуд ва буҷаи давлатиро ғанӣ гардонид.  Маълум аст, ки ҳиссаи андозҳои бавосита ба монанди ААИ, Андоз аз фурӯши чакана, боҷҳои гумрукӣ ва Андоз аз фурӯши корхонаҳо, ки дар воқеъ истеъмолкунандагон онро бо харидани мол мепардозанд, хеле зиёд аст ва ин манбаи даромади буҷаи давлатӣ ба иқтидори харидории мардум вобастагии зиёд дорад. Инро нодида гирифта намешавад. Имкониятҳои муҳоҷирати меҳнатӣ иборат аст аз: пайдо кардани кори муносиб бо ихтисос, ба даст овардани даромади бештар, пасандоз кардани маблағи муайян, расонидани кумак ба хешовандони муҳтоҷ, инкишофи ҷаҳонбинии шахс, аз ҷумла шиносоӣ бо  фарҳанг ва мардуми дигар кишварҳо, омӯхтани забони хориҷӣ ва ғайра.

Дар баробари ин, камбудиҳои раванди муҳоҷират ҳам кам нестанд ва нақзи ҳуқуқҳои муҳоҷирон дар кишварҳои қабулкунанда, бад шудани ҳолати саломатии ҷисмониву равонии онҳо, зиндаҷудоии аъзои оила ва зиндагию фаъолияти кории муҳоҷирони меҳнатӣ дар шароити вазнину ғайрисанитарӣ аз ҷумлаи онҳо мебошанд. Хавфҳои фиреб хурда ба ғуломӣ афтодан, муносибати бераҳмонаи корфармоён, муносибати дағалонаи мақомоти полис ва хадамоти муҳоҷирати кишварҳои қабулкунанда, аз мушкилиҳои дигари муҳоҷирати корӣ мебошанд.

Вале ҷиҳати бадтарини раванди муҳоҷирати кории тоҷикистониён он аст, ки ҳангоми дар Россия қарор доштан баъзеашон зери таъсири доираву гуруҳҳои мазҳабии ифротӣ мемонанд ва ба доми фиреби  онҳо фтода ба сафи созмонҳои террористӣ мепайванданд. Тибқи маълумоти мақомоти марбута, ки дар матбуот интишор гардидааст, аксари шаҳрвандони Тоҷикистон, ки айни замон дар ҷангҳои Сурия ва Ироқ ширкат доранд, қаблан муҳоҷири меҳнатӣ буданд ва маҳз тавассути Россия ба он кишварҳо сафар кардаанд.

Бо вуҷуди камбудиҳои ҷойдошта, раванди муҳоҷиратро наметавон як раванди бад номид. Муҳоҷирати мавсимӣ дар аксари кишварҳое, ки зичии аҳолиашон зиёд аст, ё дараҷаи зиёдшавии аҳолӣ баланд аст, вуҷуд дорад ва давом хоҳад кард. Тоҷикистон ҳам аз ҷумлаи ҳамин кишварҳост ва то замоне ки зиёдшавии босуръати аҳолӣ ҳамчунин давом меёбад, шумораи муҳоҷирони ҳам мавсимӣ ва ҳам доимӣ зиёд мешавад. Омили дигаре, ки ба афзоиши муҳоҷирати корӣ мусоидат менамояд, дар ояндаи наздик набудани иқтидору имконият барои  пурра бо кори доимӣ таъмин кардани аҳолии кишвар мебошад.

Бинобар ин, дар баробари он ки сохторҳои масъули Тоҷикистон барои бо кори доимии шоиста таъмин сохтани аҳоли кишварамон бояд кушиши бештар дошта бошанд, андешидани чораҳои фаврӣ ҷиҳати  бартараф кардани камбудиҳои дар раванди муҳоҷират ҷойдошта заруранд.

Дар Федератсияи Россия, ки кишвари асосии қабулкунандаи муҳоҷирони кории Тоҷикистон аст, вазъияти ҳуҷҷатгузории (ба қайд мондан дар ҷойи зисти муввақатӣ, гирифтани иҷозати кор ва ғайра) шаҳрвандони мо мушкил ва дилгиркунанда мебошад. Ҷониби Россия дар баробари зиёд кардани муҳлати бақайдгирӣ ва кору фаъолияти шаҳрвандони Тоҷикистон, талаботҳои иловагӣ, аз ҷумла имтиҳону патентро ҷори кардааст, ки барои дуруст кардани онҳо ҳар як муҳоҷир ҳам вақт ва ҳам пули зиёд харҷ мекунад. Ин ва дигар масъалаҳои вобаста ба нафақаву тандурустии муҳоҷирони корӣ, баррасӣ ва ҳали саривақтии худро талаб мекунанд.

Хизматрасониҳои давлатӣ дар самти таъмини шаҳрвандон бо ҳуҷатҳои зарурӣ дар дохили кишвар ва дар сафорату консулгариҳои Тоҷикистон дар кишварҳое, ки муҳоҷирони тоҷик ҳастанд, фавран бояд соддатару шаффоф карда шаванд. Дар ин ҷода фановариҳои иттилоотӣ имкониятҳои хуберо фароҳам овардаанд, ки имкон ҳаст кори муҳоҷирони корафтода бо сарфаи вақт ва маблағ ҳали худро ёбанд. Аммо бо сабабҳои номаълум аз ин имкониятҳои нави технологияи муосир истифодаи дуруст намешавад ва корафтодагон вақту маблағи зиёди худро дар ҳал кардани мушкилиҳои худ сарф мекунанд. Мутаасифона чунин бархурди мақомоти давлатӣ боиси дилсардии муҳоҷирони аз низоми давлатдории миллӣ мегардад. Истифодаи дурусти фановариҳои иттилоотӣ дар ин муассисаҳо метавонад навбатҳои бешуморро аз миён бардошта, боварии мардумро ба низоми давлатдории миллии имрузаи мо зиёд кунад.

Талаботҳои вобаста ба ҳуҷҷатгузории кишварҳои қабулкунандаи муҳоҷиронро то ҳадди имкон бояд дар дохили Тоҷикистон иҷро кард, то дар баробари расидан ба кишварҳои дигар муҳоҷирон ба мушкилиҳо дучор нашаванд. Дастрасии муҳоҷирон ба иттилоот дар бораи муҳоҷирати корӣ ҳам бояд зиёд карда шавад ва аз ҳар тағйироту иловаҳо дар ин соҳа муҳоҷирони эҳтимолӣ огоҳ карда шаванд.

Солҳои охир баҳсу мунозираҳо дар матбуот сари мавзуи дохил шудани Тоҷикистон ба Иттиҳоди АвруОсиё зиёд шуда истодааст. Аз тарафи коршиносон гуфта мешавад, ки шомил шудани Тоҷикистон ба ин Иттиҳод пеш аз ҳама ба муҳоҷирони корӣ манфиатовар аст. Бо дохил шудан ба ин созмон ҳуқуқи муҳоҷирони кории тоҷик вобаста ба пайдо намудани кори мувофиқ ва фаъолият бо шаҳрвандони Россия ва Қазоқистон нисбатан баробар шуда, шароити кору зиндагии онҳо ба маротиб хубтар мегардад. Аммо бояд ба назар гирифт, ки  дохил шудан ба ин иттиҳод мушкилоти дигари марбут ба даромади буҷаи давлатиро метавонад ба бор оварад. Бартариҳое, ки баъзе кишварҳои узви ин Иттиҳод дар соҳаҳои андозу андозбандӣ доранд, вазъияти иқтисодии кишвари моро то дараҷае вазнин хоҳад кард. Аз ин ру, Тоҷикистон дар шомил шудан ба ин иттиҳод шитоб намекунад. Бартариву камбудиҳои шомил шудан ба чунин як иттиҳод бояд амиқ мӯхта шаванд ва пеш аз дохил шудан ислоҳоти ҷиддӣ дар қонунгузорӣ ва тарзи иҷрои он гузаронида шавад. Албатта баъзе коршиносон нишондодҳои ду соли охири  кишварҳои бо Тоҷикистон қиёсшаванда, Арманистону Қирғизистонро таҳлил карда, хулоса мекунанд, ки ин кишварҳо аз шомил шудан ба Иттиҳоди АвруОсиё  зарар дидаанд. Аммо онҳо буҳрони дар ин ду сол ба вуҷудомадаро нодида гирифта баҳогузорӣ мекунанд, ки дар натиҷа хулосаашон нодуруст мебарояд. Албатта дохил шудан ба Иттиҳоди АвруОсиё роҳи ягона ва беҳтарини ҳалли мушкилоти муҳоҷирон нест, аммо ин имконест, ки бояд пурра омӯхта шуда, истифода бурда шавад.

Хулоса, муҳоҷират як раванди табии идорашаванда буда, идораи дурусти он метавонад дар маҷмуъ манфиатовар ва созанда бошад. Маълум аст, ки таъминкунандаи буҷаи оила ва буҷаи давлатӣ шаҳрвандони аз ҷиҳати молиявӣ устувор буда, онҳо дар рушди иқтисоди кишвар саҳми арзанда мегузоранд. Муҳоҷират дар навбати худ яке аз сарчашмаҳои даромади аҳолӣ буда, танзими он ва беҳтар гардонидани шароити ҳуҷҷатгузорӣ ва будубоши онҳо вазифаи мақомоти марбутаи ҳукумати кишвар аст. Ҷомеа хам бояд дар ин самт ба сохторҳои давлатӣ кумак расонанд. Мо бояд даст ба дасти ҳам ояндаи дурухшони худро созем.

Меҳр Собириён

Хондан 2395 маротиба