JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Ҷумъа, 21 Апрели 2017 17:29

Сабабҳои фурӯпошии оилаҳои ҷавон

Муаллиф:

  Ҷаҳон  дар  ҳоли  тағйир  аст. Зиндагӣ  ҳам  рӯз  ба  рӯз  тағйир  ёфта  истодааст. Оила  ва  оиладорӣ  яке  аз  мушкилоти  асосии ҳамаи замонҳо буд ва ҳоло ҳам мебошад. Мушкилоти  оиладорӣ  ва  пош  хӯрдани  оилаҳо низ  рӯз  ба  рӯз  зиёд  шуда  истодааст.  Илми  равоншиносӣ низ имрӯз тараққӣ  кардааст.  Илми равоншиносӣ сабабҳо  ва  омилҳои  пошхӯрии оилаҳоро то  ҷое  ҳаллу  фасл  намудааст.  Пошхӯрии  оилаҳо  сабабҳои  гуногун  доранд.  Ҳоло  якчанд  омилҳои асосии  пошхӯрии  оилаҳоро  аз  нуқтаи  назари  илми  равоншиносӣ  дида  мебароем. Аслан, саодат ва хурсандии  мард  дар  издивоҷ,  бисёртар аз характер ва рафтори ҳамсараш  вобастагӣ дорад.  Агар мард дар  зиндагиаш  ҳама  чиз  дошта  бошад,  аммо дар баробари ин, зани турушрӯй, бадқавоқ,  ғурғуркунанда   ва  бадрафтор дошта бошад, зиндагии ӯ беарзиш  аст.

  Дуруст  аст,  ки  характери бад доштани яке аз ҳамсар  дар  хонавода боиси  эҷоди  муҳити  ғамангез  ва  нафратовар  мешавад.  Доктор Левис  Термани  равоншинос  дар  мавриди  беш  аз  500  издивоҷ  таҳқиқ анҷом додааст. Натиҷаҳои  тадқиқоти  ӯ чунин нишон медиҳанд,  ки  шавҳарҳо,  характери бад доштан ва  таънаи  занҳоро  бузургтарин  сабаб  барои  дилсардӣ ба шумор овардаанд. Равоншиноси  маъруфи  дигар  Ҷонстон  Темперамент  яке  аз  омилҳои аз  ҳампошидагии  хонаводаҳоро  эродгирӣ  ва  таънаи  занҳо дар  хонавода  медонад.  Ҳанӯз  ҳам  занҳое  ҳастанд,  ки  саъй  мекунанд  бо  бадхулқӣ  бар  шавҳарҳояшон  таъсир  бигузоранд.  Ин  ҳодиса  аз  таърих  маълум  аст.  Файласуфи  Юнони  бостон  Суқрот (469–399 п.а.м.)  мутолиоти  илмии  худро  зери  дарахте  дар  Афина анҷом  медод,  то  аз  дасти  ҳамсари  ғурғуркунандааш   фирор  кунад.  Наполеони  сеюм (1808–1873) ва  Авраам  Линколн (1809–1865)  ҳам  гирифтори  чунин  занҳое буданд.  Барои  равшантар  шудани  ин  масъала  як  мисоле    аз  китоби  Дурусӣ  Корнеҷӣ  “Оини  ҳамсардорӣ” меорем. (Дурусӣ ҳамсари равоншиноси маъруфи амрикоӣ Дейл Корнеҷӣ аст). (Оини  ҳамсардорӣ. Навиштаи  Дурусӣ  Карнеҷӣ. Тарҷумон  Ҳонияи  Ҳақнабии  Мутлақ. Чопи  сеюм 1389–2011).   Писаре  гирифтори  чунин  мушкилӣ  буд.  Ӯ  ҷавони  20  сола  буд,  ва  дар  заминаи  таблиғот  (реклама)  кор  мекард.  Рақобат  дар  шуғли  ӯ  бисёр  зиёд  буд.  Ӯ  ниёз  ба  ҳамдардӣ  ва  дарки  ҳамсари  худ  дошт,  то  битавонад  ба  роҳаш  идома  диҳад ва ба муваффақият бирасад.

Ҳамсари  ӯ  зани  пархошгар, ҷанҷолӣ   ва  ҷоҳталабу  мартабахоҳ  буд. Зани  ӯ  хостаҳои  зиёде  аз  шавҳараш  дошт,  ва  барои  ба  даст  овардани  онҳо  бисёр  бесабрӣ мекард.  Ба  хотири  ҷангу  ҷанҷоли   доимӣ,  ин  ҷавон  наметавонист  дар  кораш  пешрафт  кунад. 

Ҷавон  мегӯяд, ки  ҳамсараш  бардавом таъсир мекунад,  ки  аз  рӯи  тараҳҳуму  шафқат  бо  ӯ  зиндагӣ  мекунад.  Ин  ҷумла  мисли  борони  доимӣ,  ки  сангро  сурох  мекунад,  шахсият  ва  ғурури  ин ҷавонро  аз  байн  бурда  буд.  Вай  ҳайратзада  ва  беангеза  ба  кораш  идома  медод.  То  ҷое,  ки  билохира  шуғлашро  аз  даст  дод. 

Баъд  аз  муддате  аз  ҳамсараш  ҷудо  шуд.  Баъди  аз  занаш  ҷудо  шудан,  ӯ тавонист    ҳама чизеро ки аз даст дода буд, дубора ба даст оварад.  Зиндагии ин ҷавон мисли беморе буд, ки оҳиста–оҳиста саломатии худро ба даст меовард (Оини  ҳамсардорӣ: С.126).   

            Яке аз бадтарин шаклҳои ғурғуркунии занҳо ин муқоиса намудани мардҳои бегона бо шавҳарҳояшон мебошад. Ҳоло якчанд  намунаи  ин  гуна  муқоисаҳоро  дида  мебароем:

Масалан, баъзе  занҳо  ба  шавҳарҳои худ  чунин мегӯянд: “Чаро  наметавонӣ  пули  зиёд  биёрӣ?”

Мисоли  дигар: “Бародарам  барои  занаш  палтои  нав  харида  аст.  Ту  чӣ?”....

Ҳар қадаре ки мард дар касби доштааш муваффақият ба даст биёрад, лекин дорои зани бадхулқ, пархошгар ва ҷанҷолӣ бошад, дар кору фаъолияташ ҳеҷ пешрафте намекунад.

Ҳеҷ  мардеро  наметавон  бо  зурӣ  ба  даст  овард,  аммо  қалби  ӯро  метавон  бо  муҳаббат  ва  шодӣ  аз  они  худ  кард.

 

Як  зан  метавонад  бо  ду  роҳ  ба  шавҳараш  кумак  кунад,  то ки  дар  ихтисоси худаш муваффақ ва пешқадам  бошад:

 Якум, бо шавҳараш  ишқ  биварзад.

 Дуюм, шавҳарашро бояд танҳо  бигузорад!

 Як  ҳамсари  ошиқе, ки шавҳарашро дӯст медорад, кӯшиш  мекунад,  то  барои  шавҳараш  зиндагии пур аз шодӣ  ва  роҳат  фароҳам  кунад.  Агар зан он  қадар  бифаҳмад, ки шавҳарашро  дар  корҳои  тиҷоратӣ  танҳо  гузорад  ва  дар  кори ӯ дахолате  накунад,  бидуни шак,  ҳамсараш  аз  тавоноиҳо  ва  истеъдодҳои  худ  ба  таври  беҳтар  истифода  карда,  муваффақ  хоҳад  шуд. (Оини  ҳамсардорӣ. -Саҳ.131) .

Сиёсати  дахолат  накардан  дар  корҳои  мард  ба  таври  мустақим  дар  робитаи  мутақобилаи  миёни  зану  мард  таъсир  мегузорад. Занҳое вуҷуд доранд, ки даромади пулии шавҳаронашонро назорат мекунанд. Масалан, як зане  метавонад  ба  таври  мустақим  бар  ведомости  пулгирии  ҳуқуқии  шавҳараш  назорат  дошта  бошад. Зан ин  корро  ба  роҳҳои  гуногун  анҷом  медиҳад.  Бо  насиҳат  кардани шавҳараш,  бо  дахолат кардан,  бо  таҳрик  кардани  ӯ  бар  зидди  мардум.  Тарафи дигари масъала ин шикоят  кардани зан  дар  бораи  даромад,  соатҳои  корӣ  ва  вазифаҳои  шуғлии  шавҳараш мебошад. 

 Таъсири  зан  дар  зиндагӣ  ва  кору  фаъолияти шавҳар  бисёр  муҳим  аст.

Ин ҷо нишон додани рафторҳои нодурусте вуҷуд доранд, ки ба зиндагии заношӯӣ таъсири ҷиддӣ мерасонанд ва оқибати  чунин  амалҳо  ба  нохушӣ  ба  анҷом  мерасанд.  Баъзе  занҳое,  ки  ҷоҳталаб  ҳастанд,  ба  хотири баъзе маҳдудиятҳои  шавҳаронашон  таҳти  фишорҳои  асабӣ  қарор  мегиранд.  Мардҳое  ҳастанд,  ки  аз  кори  доштаашон   розӣ  буда, бо  хушҳолӣ  дар  канори  корфармои  худ  кор  мекунанд. 

Роҳ нишон додани шавҳар аз тарафи зан барои  расидан  ба  мақомҳои  боло ва  бо сабаби  фишорҳои  корӣ инсон метавонад дучори  захми  меъда  ва  ё  марги  зудрас  шавад.

Романи  Ҷон П. Маркуэнд  бо  номи  “Нуқтаи  баргашт” дар  бораи  зиндагии  хонаводагӣ  мебошад.  Ҷ. П. Маркуэнд  дар  романи  худ мардонеро нишон медиҳад,  ки  тамоми  неруи  худро  сарфи ризоияти  ҳамсарашон  мекунанд,  то  онҳо  аз  ҳар  ҷиҳат  осуда  бошанд.  Фарзандонашон  ба  мактаби  хуб,  манзили  хуб  ё  синфҳои  гуногун  бираванд.  Ҳамсаронашон  дар  ҷомеа  сарбаланд  бошанд ва  дар  беҳтарин  ҷои  шаҳр  зиндагӣ  кунанд.  Ин  гуна  мардҳо  дар  маърази  хатари  ҷиддӣ  ҳастанд.  Мардоне,  ки  бидуни  кумаку  ҳамкории  ҳамсаронашон  даст  ба  чунин  иқдомоте  мезананд,  бозгашташон  ба  вазъияти  солим  андаке  мушкил  хоҳад  буд.  Онҳо  худро  дар  дом ё чанге  мебинанд,  ки  раҳоӣ  аз  он,  умуман  ғайримумкин  аст.

Барои мустаҳкам кардани оила ва нигоҳ доштани он зан ва шавҳар бояд якдигарро дар тӯли зиндагӣ кумак кунанд. Онҳо бояд дар якҷоягӣ амал намоянд. Якдигарро дар корҳояшон дастгирӣ намоянд. Танҳо зану шавҳар дар ин ҳолат метавонанд ба зиндагии дуруст ва саодатмандона бирасанд. 

Саодатмандӣ ва хушбахтии оилавӣ, ин якҷо будан, якҷо ҳаракат кардан, якҷо бо ҳам, ба сӯи ҳадафҳои доштагӣ рафтан аст. Сабаби дигари пошхӯрии оилаҳо ин набудани саодат дар зиндагии оилавӣ мебошад. Инсонҳое, ки саодатро дар зиндагии оилавиашон дида наметавонанд, оилаи онҳо ба пошхӯрӣ шурӯъ мекунад. Инсон махлуқест, ки бояд ба ҳадафи асосӣ, яъне саодат бирасад. Ин ҳадафи асосии зиндагии иҷтимоии инсон мебошад. Мо як бор ба худ чунин саволро намедиҳем, ки чаро дар баъзе мавридҳо оилаҳое, ки дорои сарват, чизу чора ва дороии зиёд ҳастанд, зиндагии хубу осуда надоранд? Сабаби ин мушкилӣ дар набудани саодат ва хушбахтӣ дар оилаҳои онҳост. Саодат ё масъалаи хушбахтии инсон масъалаи иҷтимоӣ мебошад. Мо, ҳангоме ки дар бораи саодат суҳбат мекунем, саодати иҷтимоиро дар назар дорем. Саодат, танҳо хоси инсонҳо ва зиндагии инсонӣ мебошад.  

Хулоса, дар оилае, ки равшанӣ ва шуълаи саодат вуҷуд дорад, он оила пойдор хоҳад монд. Чунки ҳадафи аслии зиндагии инсонӣ, ин саодати шахсӣ ва саодати иҷтимоӣ аст. Саодати шахсӣ дар асоси саодати иҷтимоӣ ба даст меояд.

Дидавар Бекзода
Равоншинос
Хондан 2883 маротиба
Маводҳои дигар дар ин бахш: Муҳоҷират бояд идорашаванда бошад »