Ба ифтихори 75 солгарди
узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон
Муҳаммадалӣ Музаффарӣ
Дар ин навиштаи мухтасар сухан дар бораи як нафаре меравад, ки ӯ дар баробари олим, файласуф ва муҳаққиқи илми антропология буданаш, боз дар айни замон як шахсиятанд, ки он кас Муҳаммадалӣ Музаффарӣ – доктори илмҳои фалсафа, профессор, директори «Маркази антропология»-и Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон мебошанд.
(паёми шодбошии аъзои Маҳфили “Ҷаҳони андеша” ба муносибати зодрӯзи муҳаққиқбонуи тоҷик Сафаргул Давлиёрова)
Имрӯз -- 2 майи соли 2022 муҳаққиқбонуи тоҷик Сафаргул Давлиёрова зодрӯз доранд. Ин бонуи миллӣ солҳои зиёд аст, ки дар риштаи фалсафаи иҷтимоӣ пажӯҳиш карда, бо ташаббусоту ибтикороти илмӣ-эҷодии хеш саҳифаи тозаеро дар китоби фалсафаи миллӣ боз намудааст. Бону Сафаргул дар Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинови Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон (ҳозира Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон) солҳои дароз фаъолият карда, аз вазифаи лаборантӣ то ба симати мудирии Шуъбаи аспирантура ва магистатураи АМИТ ва ходими пешбари илмии Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупо расидааст. Ҳанӯз дар замони фаъолият дар Пажӯҳишгоҳи фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинов бо бузургтарин донишмандону файласуфони аср, минҷумла устодон Иброн Шарифов, Мусо Диноршоев, Ғаффор Ашӯров, Аҳмадҷон Муҳаммадхоҷаев, Муҳаммадқул Ҳазратқулов, Абдусамад Самиев, Шоназар Шоисматуллоев, Хаёлбек Додихудоев, Муҳаммад Алӣ Музаффарӣ, Комил Бекзода ва дигарон ошно шуда, равиши илмӣ ва методологияи таҳқиқи масъалаҳои мубрами иҷтимоӣ ва фалсафиро омӯхтааст.