Аксарияти мардум, ки андешаи ахлоқи ҳамидаро дар сар доранд, ин ҳидояти ҷовидонаи Расули Акрамро сармашқи зиндагии моддӣ ва маънавии худ карда, талош мекунанд, то гуфтору кирдорашон ба яксон муфид бошад ва муҳаббат офарад ва иҷоди ҳалқаи васли маънавӣ байни абнои башар кунад.
Мавлоно Абдурраҳмони Ҷомӣ низ арзиши инсонро дар пайравӣ аз чунин ахлоқ мебинад:
Роҳату ранҷ чун бувад гузарон,
Ранҷ каш барои роҳати дигарон
Устод Қурбонов Ҳаким Маҳмадалиевич мувофиқ ба гуфтаи байти Мавлоно Абудураҳмони Ҷомӣ умри бобаракати хешро барои пешрафти илми соҳаи кристаллографияи тоҷик бахшида, барои наслҳои оянда ва пешбурди илмҳои дақиқ дар соҳаи кристаллшиносӣ, ташхиси сохтори рентгении ҷисмҳои сахт, ҳосил намудани кристаллҳо дар шароити лабораторӣ ва кашфи кристаллҳои нав аз минералҳо ва оксидҳо бо элементҳои нодир мактаби худро ба вучуд овардаанд. Қурбонов Ҳаким Маҳмадалиеивич 15-уми майи соли 1935 дар шаҳри Кизил-Кияи вилояти Оши Ҷумҳурии Қирғизистон таввалуд шудааст. Ӯ дар мактаби миёнаи №9-и шаҳри Душанбе солҳои 1941-1946 таҳсил намудааст. Соли 1946 бо аҳли оилаашон ба Ҷумҳурии Қирғизистон мераванд ва таҳсилро дар он ҷо давом медиҳанд.
Баъди хатми мактаби миёна соли 1952 ба Институти омӯзгории шаҳри Оши Қирғизистон ба факултаи физикаю математика дохил мешавад. Соли 1958 донишгоҳи мазкурро хатм намуда, бо роҳхати донишгоҳ ба мактаби миёнаи ба номи А.С. Пушкини ноҳияи Фрунзеи вилояти Оши Қирғизистон ба сифати муаллими фанни физика ва математика ба кор фиристода мешавад.
Қурбонов Ҳаким Маҳмадалиевич, ки дар айёми донишҷӯ буданаш дар дил меҳри илмомӯзӣ ва олим шуданро мепарварид, барои ба орзуяш расидан соли 1959 ба шуъбаи физикаю математикаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба аспирантура дохил мешавад. Ӯ бо роҳхати АИ ҶТ аз 1.11.1959 барои идома додани корҳои илмӣ ба Институти кристаллографияи АИ СССР ба номи А.Н. Шубнови шаҳри Москва фиристода мешавад ва таҳти роҳбарии академик Н.В. Белов дар соҳаи кристаллография ва кристаллофизика корҳои илмӣ менамояд. Ӯ рисолаи илмии номзадиро дар мавзӯи кристаллография ва кристаллофизика барои дарёфти унвони номзади илмҳои физика ва математика дар соли 1964 бомуваффақият ҳимоя менамояд. Сипас олими ҷавон дар лабораторияи ҷисмҳои сахти шуъбаи физика ва математикаи АИ ҶТ ҳамчун мутахассиси соҳаи кристаллография, бахусус ҳосил намудани кристаллҳо, инчунин ташхиси сохтори рентгении моддаҳои ғайриорганикӣ ва пайвастагиҳои нимноқилӣ ба кор шурӯъ менамояд.
Устод Ҳаким Маҳмадалиевич ҳамон вақт ба хулосае меоянд, ки равнақи илм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бе мутахассисони соҳаи физикаи ҷисмҳои сахт, физикаи нимноқилҳо, кристаллография, кристаллофизика, кристаллохимия, ташхиси рентгенӣ номумкин аст. Бо ин маром бо ташаббуси шахсии худ гурӯҳи хурди олимони ҷавонро ташкил медиҳад. Ба гурӯҳи мазкур муяссар шуд, ки дар муддати кӯтоҳ ба ҳосил намудани кристаллҳои нав аз тариқи ташхиси сохтори рентгении моддаҳои ғайриорганикӣ, пайвастагиҳои нимноқилӣ ноил гардад. Натиҷаи чунин тадқиқот буд, ки дар муддати кӯтоҳ гурӯҳи номбурда таҳти роҳбарии устод Ҳаким Маҳмадалиевич зиёда аз 25 мақолаи илмӣ дар нашрияҳои махсуси собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ, хориҷӣ ва ҷумҳуриявӣ ба чоп расонд. Натичаи корхои илмии Қурбонов Ҳ.М. дар чорумин Конгресси байналмилалӣ дар соҳаи кристаллография дар шаҳри Рими Италия нашр мегардад ва ӯ дар соли 1964 дар ҳаштумин ҷаласаи илмӣ- техникии истифодабарии нурҳои рентгении ташхиси материалҳо дар шаҳри Ленинград иштирок менамояд. Ӯ иштирокчии фаъоли конгрессҳои байналмилалӣ оид ба кристаллография ва симпозиумҳо барои ҳосил намудани кристаллҳо солҳои 1966-1968 дар шаҳри Москва, соли 1972 дар шаҳри Сахкадзори Ҷумҳурии Арманистон, соли 1974 дар шаҳри Алма – Атои Қазоқистон мебошад.
16 – уми октябри соли 1968 директори Иститути физикаю техникаи ба номи С.У. Умарови АИ ҶТ узви вобастаи АИ ҶТ Адҳамов Акобир Адҳамович дар ҷаласаи Президиуми АИ ҶТ дар маърӯзаи худ дар бораи комёбиҳои илмии гурӯҳи физикаи кристаллҳо, ки бо рохбарии номзади илмҳои физика ва математика Қурбонов Ҳ.М. ба амал омада буд, маълумот медиҳад. Бо назардошти он ки ин гурӯҳ дорои асбобҳои лозимии илмӣ мебошад, пешниҳод менамояд, ки гурӯҳи мазкур васеъ карда шуда, барои омӯзиши хусусиятҳои физикӣ, пезооптикии кристаллҳо, инчунин корбурди нурҳои рентгенӣ барои ташхиси ҷисмҳои сахт дар назди Иститути физикаю техникаи ба номи С.У. Умарови АИ ҶТ лабораторияи ташхиси сохтори рентгенӣ таъсис дода шавад ва иҷрокунандаи вазифаи ин лаборатория ба дӯши ходими калони илмӣ, номзади илмҳои физика ва математика Қурбонов Ҳаким Маҳмадалиевич гузшта шавад. Маърӯза ва пешниҳоди Акобир Адҳамовичро иштирокчиёни ҷаласа якдилона дастгирӣ менамоянд. Ва дар ҳамин ҷаласа таҳти раисии Президенти АИ ҶТ академик М. Осимӣ қарори таъсиси лабораторияи ташхиси сохтори рентгенӣ дар назди Институти физикаю техникаи ба номи С. Умарови АИ ҶТ қабул гардид.
17.10.1968 бо фармони директори Институти физикаю техникаи ба номи С. Умарови АИ ҶТ, узви вобастаи АИ ҶТ Адҳамов Акобир Адҳамович дар сохтори институт лабораторияи ташхиси сохтори рентгенӣ дар заминаи гурӯҳи физикаи кристаллҳо дар асоси қарори Шӯрои илмии институт аз 5.06.1968 ва қарори Президуми АИ ҶТ аз 16.10.1968 дохил карда шуд. Лаборатория вазифадор карда мешавад, ки иқдом ба иҷрои тадқиқотҳои илмӣ дар мавзӯъҳои омӯзиши сохтори баъзе кристаллҳои табиӣ ва кристаллҳои сунъӣ бо методи диффраксионӣ тадқиқот анҷом диҳад. Иҷрокунандаи вазифаи мудири лаборатория, ходими калони илмӣ, номзади илмҳои физика ва математика Қурбонов Ҳаким Маҳмадалиевич таъин гардид.
29.04.1969 ӯ аз тариқи озмун мудири лабораторияи номбурда интихоб мешавад. Ӯ инчунин дар баробари корҳои илмӣ бо мақсади тайёр намудани мутахассисони ҷавон дар соҳаи илми кристаллография дар Донишгоҳи давлатии Тоҷикситон ба номи В.И. Ленин аз фанҳои кристаллография, ташхиси сохтори рентгенӣ, кристаллофизика ва кристаллохимия дарс мегуфт.
Устод барои баланд бардоштани савияи дониши шогирдон кӯшиш менамояд, ки барои иҷрои корҳои курсӣ ва дипломӣ онҳоро ба лабораторияи худ ҷалб намояд. Бо роҳбарии Қурбонов Ҳ.М. се нафар олимони ҷавони соҳа рисолаи номзадӣ дифоъ намуданд. Бо кӯшишҳои он кас усулҳои гуногуни ҳосил намудани монокристаллҳо: бо усулҳои гудозиши моеъӣ, фазаи газӣ ва гидротермалӣ роҳандозӣ шудаанд. Бо роҳбарии ин олими пуркор пажӯҳиши ҳамаҷонибаи сабзиш, сохтор ва хусусиятҳои физикии диэлектрикҳо дар заминаи оксидҳои дучандаи сурма ва фосфор бо элементҳои нодир, таҳқиқи хусусиятҳои физикавию химиявии полоиши нави фаъоли диэлектрикҳо, пешбинии функсияҳои пурраи пезо, сегнето, пироэлектрикҳои ғайрихатии оптикии кристаллҳо омӯхта ва ба роҳ монда мешавад.
Қурбонов Ҳ.М. аз 16.10.1968 то моҳи июни соли 1986 лабораторияи ташхиси сохтори рентгениро роҳбари намуда, рӯзгори ҷавониашро вақфи ин кори басе муҳим менамояд. Дар ин муддат шогирдони бисёреро тарбия намуда ба ҷодаи илм мебарорад ва бо шогирдон роҳҳои душвори илмиро тай намуда, ба қуллаҳои баланд мерасад. Ӯ дар муддати ин солҳо се монография бо ҳамқаламон, 11 – то шаҳодатнома дар бораи ихтироот ва зиёда аз 100-то мақолаи илмӣ бо ҳамқаламии чанд тан аз донишмандони барҷастаи Шӯравӣ ва Тоҷикистон, минҷумла академикҳо Багдасаров Х.С., Белов Н.В., Адҳамов А.А. ва дигар олимони намоёни ин соҳа дар маҷаллаҳои пурэътибори Шӯравӣ ва маҷмӯаи гузоришҳои конфронсҳои байналмилалӣ ва миллӣ ба чоп расонидааст. Бахши дигари фаъолияти ин устоди кӯшоро роҳбарии таҳқиқоти анҷомгирифта дар мавзӯъҳои илмии дорои аҳамияти кишварӣ ташкил медиҳад. Устод Қурбонов Ҳ.М. соли 1990 рисолаи доктории илмӣ бо ихтисоси 020001 химияи ғайриорганикӣ дар мавзӯи кристаллохимияи пайвастагиҳои оксиди сурма ва фосфор ҳимоя менамояд.
Имрӯз, ҳарчанд ки олими асосгузори илми кристаллография дар Тоҷикистон Қурбонов Ҳ.М. ҷисман дар байни мо нест, вале ёди ӯ, фаъолияти пурсамари ӯ, панду насиҳатҳояш дар соҳаи илм дар вуҷуди мост ва наслҳои навини илмиро неру ва илҳом мебахшад.
Фатҳулло Одинаев
ходими калони илмӣ,
муовини директор оид ба корҳои техникӣ ва умумии
Иститути физикаю техникаи ба номи С.У. Умарови АИ ҶТ